Question № 01140
Мехоҳам донам, ки инсонҳое, ки ба ҳар гуна гуноҳон даст мезананд, пас аз он пушаймон мешаванд ва ба даргоҳи Худованд тавбаву истиғфор мекунанд, оё инҳоро Аллоҳ мебахшад?
Question:
Ассалому алайкум. Мехоҳам донам, ки инсонҳое, ки ба ҳар гуна гуноҳон даст мезананд, пас аз он пушаймон мешаванд ва ба даргоҳи Худованд тавбаву истиғфор мекунанд, оё инҳоро Аллоҳ мебахшад? Дар бораи ин мавзӯъ каме маълумот медодед. Худованд нигаҳбонатон!
Саволдиҳанда: Ҳофиз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсон чун аз гуноҳонаш сидқан пушаймон шуда, ба сӯи Худованд тавба кунад, албатта Худованд тавбаашро мепазирад ва ӯро мебахшад. Худованд ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд: “Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”. (Сураи “Зумар” 53) Ин оят барои бандагони гунаҳгор умедбахштарин оят дар Китоби Худо аст, зеро бузургтарин башорати Ҳақ таъолоро барои бандагонаш дар бар дорад. Ёдовар бояд шуд, ки тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад. Дар сурати риояи ин шартҳо умед аст, ки тавбаи инсон пазируфта шавад. Дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд: “Тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд ба ҳамаи бандагони гунаҳгор тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд.