Question № 01142

Дар бораи тақдир пурра фаҳмонед. Масалан, ман кори бад кардам, ин дар тақдирам будааст, ман чӣ кор кунам?

Question:

Ассалому алайкум. Дар бораи тақдир пурра фаҳмонед. Масалан, ман кори бад кардам, ин дар тақдирам будааст, ман чӣ кор кунам?

Саволдиҳанда: Мартин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, илми тақдир илме аст, ки ягон пайғамбар ва фаришта аз он огоҳ нест, ин маълумоти пешакӣ ва сирри Худованд аст, ки онро аз махлуқоташ пӯшида доштааст. Баҳсу ҷустуҷӯ дар бораи тақдир ва фурӯ рафтан дар он сабаби дур шудан ва маҳрум гардидани инсон аз раҳмати илоҳӣ мегардад. Инсон бояд ба қадри вусъ ва тоқати башарӣ саъйу кӯшиш намояд ва амал кунад. Вақте ки инсон вазифаи бандагиашро ба ҷо оварад, сипас гӯяд, ки тақдир ҳамин будааст, ин амал ва гуфтораш дуруст аст. Лекин ҳеҷ кӯшише накунад ва вазифаи бандагиашро ба ҷо наорад, боз гӯяд, ки тақдири ман ҳамин будааст, ин сухан ва тарзи андешааш дуруст нест. 

2017-05-18
3117
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39