Question № 01178

Пас аз марги модарам дилам аз дунё мондааст. 28-солаам ва даҳ сол дар муҳоҷират будам. Бародару хоҳарам мегӯянд, ки издивоҷ кунам, вале ман бадтарин хислат, яъне шарм дорам. Базму рақсу бозӣ ва дабдабаро намехоҳам. Оё дар ватанамон аз рӯи шариат никоҳ бе тӯй иҷозат аст?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пас аз марги модарам дилам аз дунё мондааст. 28-солаам ва даҳ сол дар муҳоҷират будам. Бародару хоҳарам мегӯянд, ки издивоҷ кунам, вале ман бадтарин хислат, яъне шарм дорам. Базму рақсу бозӣ ва дабдабаро намехоҳам. Оё дар ватанамон аз рӯи шариат никоҳ бе тӯй иҷозат аст?

Саволдиҳанда: Мусо

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳаёту мамоти инсон дар ихтиёри ӯ нест, шумо бояд ба тақдир розӣ шавед ва барои ободии дину дунёи худ саъйу талош намоед, корҳои хайр анҷом диҳед, аз ҷумла издивоҷ кунед, ахлоқи номашруъро тарк намоед ва ҳамеша хайрхоҳ бошед. Гузаронидани тӯй дар ватан ба хоҳиши худи шумо вобаста аст, касе шуморо маҷбур намекунад.

2017-06-01
2719
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39