Question № 01209

Момоям соли 1979 ва бобоям ҳамин сол аз дунё гузаштанд. Онҳо дар ду қабристони аз ҳам ҷудо дафн шудаанд. Оё мумкин аст, ки момямро ба қабристоне, ки бобоям дафн шудааст, биёрем?

Question:

Ассалому алайкум. Момоям соли 1979 ва бобоям ҳамин сол аз дунё гузаштанд. Онҳо дар ду қабристони аз ҳам ҷудо дафн шудаанд. Оё мумкин аст, ки момямро ба қабристоне, ки бобоям дафн шудааст, биёрем?

Саволдиҳанда: Умед

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бидуни зарурат кӯчонидани майит аз як қабристон ба ҷои дигар ҷоиз нест. Агар онҳо афроди солеҳ бошанд, рӯҳҳояшон якҷо ҳастанд, агарчи қабрҳои онҳо аз якдигар дур ҳам бошанд. Шумо дар ҳаққи онҳо дуо ва эҳсон кунед, ин амал барои онҳо фоида дорад ва аз шумо низ ҳаминро умед доранд.

2017-06-08
2836
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

12.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:31
Maghrib17:28
Isha18:58