Home Questions and answers Namaz Question № 01229

Question № 01229

Ба сабаби лат хӯрдани пойам се моҳ намоз хонда натавонистам. Айни ҳол намоз мехонам, лекин ангуштҳои пойи ростам хам намешавад, пас аз саҷда ва дар вақти қаъда нишаста наметавонам, пойи ростам дард мекунад. Дар ин ҳолат чӣ тавр намоз гузорам?

Question:

Ассалому алайкум. Ба сабаби лат хӯрдани пойам се моҳ намоз хонда натавонистам. Айни ҳол намоз мехонам, лекин ангуштҳои пойи ростам хам намешавад, пас аз саҷда ва дар вақти қаъда нишаста наметавонам, пойи ростам дард мекунад. Дар ин ҳолат чӣ тавр намоз гузорам? Хоҳиш дорам маслиҳат медодед.

Саволдиҳанда: Ораш

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо дар ин ҳолат намозатонро нишаста гузоред ва ба ҳар тариқе, ки барои шумо мусоид аст, пойҳоятонро дароз карда метавонед. Худованд ба шумо шифои комил ато фармояд.  

2017-06-09
3525
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

08.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:27
Maghrib17:24
Isha18:54