Home Questions and answers Family Question № 01268

Question № 01268

Дар бораи ошиқӣ аз назари Ислом каме маълумот медодед.

Question:

Ассалому алайкум. Дар бораи ошиқӣ аз назари Ислом каме маълумот медодед.

Саволдиҳанда: Бобоназар

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом ошиқӣ ва муносибати номашруъ бо номаҳрам амали ҳаром аст. Шариат барои баровардани ниёзҳои фитрии инсон никоҳ ва издивоҷро муқаррар  намудааст,  ки  ӯро ҳам аз ваҳшати танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад. Расули Худо (с) ба ҷавонон чунин хитоб фармудаанд: «Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ кардан дошта бошад, ин корро бикунад, зеро издивоҷ боиси сукунати чашму қалб ва ба вуҷудорандаи иффат аст ва ҳар касе наметавонад издивоҷ кунад, бояд ба рӯза чанг бизанад, зеро рӯза барои ӯ паноҳгоҳест, ки тақво меорад». (Ривояти Бухорӣ)

2017-06-15
3782
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

06.05.2024

More
Fajr03:41
Zuhr12:40
Asr17:28
Maghrib19:33
Isha21:03