Home Questions and answers Aqida Question № 01296

Question № 01296

Оё дар вақти чашм расидан сила кунонидан дуруст аст? Оё пушту момаҳову дигар чизҳои ба ин монанд асос доранд? Оё мушкилкушову чилтан ва дигар одатҳову эътиқодҳое, ки занҳо доранд, дуруст аст? Ҳамаи инҳоро аз назари Ислом мефаҳмондед.

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё дар вақти чашм расидан сила кунонидан дуруст аст? Оё пушту момаҳову дигар чизҳои ба ин монанд асос доранд? Оё мушкилкушову чилтан ва дигар одатҳову эътиқодҳое, ки занҳо доранд, дуруст аст? Ҳамаи инҳоро аз назари Ислом мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Ҷомӣ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, он амалҳое, ки аз ҷониби баъзе модарон анҷом дода мешаванд, ниёз ба таҳқиқ доранд. Бояд ҳар як аз ин умурро дар мизони шариат санҷид, агар дар ин амалҳо хурофот ва эътиқодоти беасос вуҷуд дошта, ба аҳкоми шариат мухолиф бошанд, пас анҷом додани онҳо қатъан ҷоиз нест. Чунки таъсир ва қабули дуо бар асоси илму тақво ва парҳезгорӣ аст ва ба пушт рабте надорад. Зикр ва дуои мушкилкушо дар сурате дуруст аст, ки аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои маъсура иборат бошад ва рафъи мушкилот аз Парвардигор хоста шавад. 

2017-06-19
5478
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42