Question № 01329
Дар баъзе ривоятҳои мардумӣ мегӯянд, ки чун шахси майнӯш ё зинокор бимирад, гӯё хоки қабристон ӯро берун мепартояд. Оё хок шахси зинокор ва майзадаро аз лаҳад ба берун мепартояд? Аз Шумо хоҳиш мекунам ба ин суол ҷавоб гардонед. Худованди бузург Шуморо нигоҳбон бошад.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар баъзе ривоятҳои мардумӣ мегӯянд, ки чун шахси майнӯш ё зинокор бимирад, гӯё хоки қабристон ӯро берун мепартояд. Оё хок шахси зинокор ва майзадаро аз лаҳад ба берун мепартояд? Аз Шумо хоҳиш мекунам ба ин суол ҷавоб гардонед. Худованди бузург Шуморо нигоҳбон бошад.
Саволдиҳанда: Шодмон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳар ҳодиса ва рӯйдоди аҷибе, ки дар олами ҳастӣ рух медиҳад, асрори он аз илми бандагон берун аст. Шахси зинокор ва майнӯш дар машияти Худованд қарор дорад, агар Худованд бихоҳад, ӯро азоб мекунад ва агар бихоҳад, ӯро мебахшад