Home Questions and answers Namaz Question № 01333

Question № 01333

Дар кадом ҳолатҳо саҷдаи саҳв ҷоиз аст ва дар кадом ҳолатҳо намозро аз нав бояд гузорид?

Question:

Ассалому алайкум. Дар кадом ҳолатҳо саҷдаи саҳв ҷоиз аст ва дар кадом ҳолатҳо намозро аз нав бояд гузорид?

Саволдиҳанда: Фарҳод

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, саҷдаи саҳв ба сабаби яке аз панҷ иллати зайл воҷиб мегардад:

1. Ба тақдими фарз, мисли рукуъ намудан пеш аз қироат;

2. Ба таъхири фарз, монанди таъхир намудани ракъати сеюм ба сабаби илова кардан бар «ташаҳҳуд»;

3. Ба такрор намудани фарз, монанди ду бор рукуъ кардан;

4. Ба тағйир додани воҷибе, монанди баланд хондан дар намозе, ки бо овози паст хонда мешавад ва ё баръакс;

5. Ба тарк намудани воҷибе, монанди тарк намудани қаъдаи аввал.

Дар сурати тарк шудани яке аз фарзҳои намоз саҷдаи саҳв кифоят намекунад, балки аз сар гузоридани намоз лозим мегардад. Дар сурати тарки яке аз суннатҳои намоз саҷдаи саҳв лозим намешавад.

Ҳангоме ки саҷдаи саҳв воҷиб мешавад, баъд аз хондани «Аттаҳийёт» ба ду тараф салом дода, «Аллоҳу Акбар» мегӯяд ва паси ҳам ду саҷда анҷом медиҳад. Баъд аз саҷдаи дувум «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро хонда салом медиҳад. Агар саҷдаи саҳв бар имом воҷиб шуда бошад, танҳо ба тарафи рост салом дода, баъд саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад.

2017-07-04
4046
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

05.05.2024

More
Fajr03:42
Zuhr12:40
Asr17:27
Maghrib19:32
Isha21:02