Question № 01342
Мехоҳам дар бораи азоби қабр маълумот дошта бошам.
Question:
Мехоҳам дар бораи азоби қабр маълумот дошта бошам.
Саволдиҳанда: Марва
Answer:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки азоби қабр ва роҳати он ҳақ аст. Дар китоби “Фиқҳи акбар” роҷеъ ба аҳволи қабр чунин оварда шудааст: “Суоли Мункар ва Накир дар қабр ҳақ аст. Бозгардонидани рӯҳ баҷасади банда дар қабр ҳақ аст. Фишор ва азоби қабр барои ҳамаи кофирон ва баъзе мусулмонони гунаҳгор ҳақ аст ва вуҷуд дорад”. Пас аз дафн шудани майит рӯҳ ба баданаш бозгардонида шуда, ду фаришта аз ӯ дар бораи Парвардигор, Пайғамбар ва динаш суол мекунанд, агар ба ин суолҳо посухи мусбат дод, то рӯзи қиёмат дар роҳат мехобад, вагарна ба азоб гирифтор мешавад. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Қабр боғе аз боғҳои ҷаннат ё чоҳе аз чоҳҳои дӯзах аст». Мо имон дорем, ки азоби қабр ҳақ аст ва чӣ хел будани онро ба Худованди кариму мутаъол ҳавола мекунем ва худ машғули баҳси он намешавем, зеро қабр олами дигар аст.