Question № 01344
Бо баъзе сабабҳои оилавӣ модарам ҳамсарамро нағз намебинад, пас аз ҷанҷоли бисёр модарам гуфтанд, ки оилаатро гирифта ҷудо зиндагӣ кун. Айни ҳол алоҳида зиндагӣ дорам, бо модарам..
Question:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Бо баъзе сабабҳои оилавӣ модарам ҳамсарамро нағз намебинад, пас аз ҷанҷоли бисёр модарам гуфтанд, ки оилаатро гирифта ҷудо зиндагӣ кун. Айни ҳол алоҳида зиндагӣ дорам, бо модарам рафтуомад дорем, бахшиш ҳам пурсидем, лекин аз ҳамсарам киноя мекунад, дар дилашон кина доранд ва ҳатто фарзандонамро он қадар нағз намебинанд, вақтҳои охир бо ман ҳам хуб сухан намекунад. Ман модар ва оилаамро дӯст медорам, дили модарам наранҷад гуфта, дар сарам фикри ҷудо шудан аз занам чарх мезанад. Лутфан ба ман маслиҳат ва роҳи ҳалли ин масъаларо фаҳмонед, чунки ба масилиҳати шумо бисёр муҳтоҷам.
Саволдиҳанда: Бандаи Худо
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, некӣ кардан ба падару модар дар зиммаи фарзандон воҷиб аст, хоҳ зинда бошанд ё набошанд. Некӣ ба онҳо дар зинагиашон ба даст овардани ризо ва хушнудии онҳост, модоме ки бар хилофи дастуроти Худованд амр накунанд. Агар онҳо фарзандро ба коре амр кунанд, ки мухолифи фармудаҳои шариат бошад, дар ин ҳолат итоати онҳо воҷиб намешавад. Шумо бо ҳамсару фарзандонатон низ муомилаи нек дошта бошед, ҳаргиз фикри ҷудоӣ аз ӯро накунед, зеро ин кор хилофи дастуроти Худованд ва Расули ӯст. Гоҳо инсон ба имтиҳонҳои вазнини зиндагӣ мубтало мешавад, вале ба он таслим набояд шуд, баръакс муъмини комил бояд барои комёбӣ талош намояд, яъне ризои модарро ба даст оварад ва сарпарастии зану фарзандро низ ба дӯш дошта бошад. Худованд шуморо комёб гардонад.