Question № 01389

Нафси аммора, лаввома ва мутмаиннаро, ки дар Қуръон зикр шудааст, шарҳ диҳед.

Question:

Ассалому алайкум. Нафси аммора, лаввома ва мутмаиннаро, ки дар Қуръон зикр шудааст, шарҳ диҳед.

Саволдиҳанда: Самиъ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нафси аммора он аст, ки соҳиби худро ба кори бад амр мекунад, чунонки Худованд дар ин маврид фармудааст: “Ҳамоно нафс бисёрфармоянда ба бадӣ аст”. (“Юсуф”, 53) Нафси лаввома он аст, ки ҳамеша соҳиби худро ба сабаби иртикоби гуноҳ ва анҷом надодани аъмоли нек маломат мекунад ва он нафси муъмин аст. Худованд мефармояд: “Ва савганд мехӯрам ба нафси маломаткунанда”. (“Қиёмат”, 2) Нафси мутмаинна нафси ба яқин расида аст, яъне дар имон ба Худованд ва ягонагии ӯ ба он дараҷаи яқин расидааст, ки ҳеҷ шакке дар он вуҷуд надорад. Чунонки Худованд мефармояд: “Эй нафси оромгиранда! Ба сӯи Парвардигори хеш бозгард, [дар ҳоле ки] ту хушнуд шудаӣ ва аз ту низ хушнуд гашта”. (“Фаҷр”, 27-28)

2017-07-19
3705
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

30.04.2024

More
Fajr03:47
Zuhr12:40
Asr17:28
Maghrib19:27
Isha20:58