Question № 01419
домулло. Ман як донишҷӯ ҳастам, алҳамду лиллоҳ, намоз мехонам ва ду ҷузъ зиёдтар Қуръон азёд медонам. Як рафиқ дорам, мегуфт, ки ҷинаш задааст, қариб даҳ бор ё аз ин беш чинашро...
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ бобои домулло. Ман як донишҷӯ ҳастам, алҳамду лиллоҳ, намоз мехонам ва ду ҷузъ зиёдтар Қуръон азёд медонам. Як рафиқ дорам, мегуфт, ки ҷинаш задааст, қариб даҳ бор ё аз ин беш чинашро бароварданд, боз чин ба ӯ медаромад, саводи диниаш кам буд. Муллое, ки ӯро дуо мехонад, аввал шахсеро мехобонад ва азон медихад дар он шахс мисли ҷине пайдо мешавад ва ӯ тавассути ин ҷин ҷини дар ин рафикам бударо мебарорад. Мулло аз он одаме, ки тавассуташ дигар ҷинхоро мебарорад, хатто метавонад ахбори хар шахсро гирад. Ба инҳо бовар кардам, хеле вакт мешавад, ки васвосӣ мешавам фикр мекунам шояд ман ҳам ҷин дошта бошам. Ҳамеша ба ин рафиқам мегуфтам, ки ин амали мулло хатост, чунки дар ҳадисҳои набавӣ дар бораи ҷинҳо хондаам. Ин рафиқамро ҷинхо зиёд азоб додаанд. Хамеша дахшат буд. Лутфан равшанӣ андозед. Дар охир дар ҳаққамон дуъои нек кунед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бо ин тариқ баровардани ҷин аз нигоҳи дини Ислом дуруст нест, балки бо роҳи хондани Қуръон ҷинро дур мекунанд. Алҳол ин тарзи табобат маъмул аст ва шумо метавонед бо хондани оятҳои Қуръон ва дуоҳои маъсура аз ҷониби олиме, ки дар ин кор маҳорат дорад, бемориятонро табобат кунед. Худованд ба шумо шифои комил ва дар таҳсили илматон баракат ато фармояд.