Question № 01423
Дар шаҳри Ҳисор тӯли як ҳафта мешавад, ки махлуқ ё ҷондоре мардумро азоб дода истодааст. Бегоҳӣ ба шикор баромада, ба занону кӯдакон ҳамла мекунад ва онҳоро метарсонад. Шаб то рӯз мардум аз тарс намехобанд. Ба хонаҳояшон санг меандозанд ва дару тирезаҳояшонро шикастанӣ мешаванд. Илтимос, чӣ кор кунем?
Question:
Ассалому алайкум. Дар шаҳри Ҳисор тӯли як ҳафта мешавад, ки махлуқ ё ҷондоре мардумро азоб дода истодааст. Бегоҳӣ ба шикор баромада, ба занону кӯдакон ҳамла мекунад ва онҳоро метарсонад. Шаб то рӯз мардум аз тарс намехобанд. Ба хонаҳояшон санг меандозанд ва дару тирезаҳояшонро шикастанӣ мешаванд. Илтимос, чӣ кор кунем?
Саволдиҳанда: Аҳмадҷон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бояд мардуми деҳа дар ин масъала ба мақомоти мавҷуда муроҷиат намоянд. Аз нигоҳи динӣ ҷинҳо аз оёти Қуръон ва садои азон мегурезанд. Шумо бо овози баланд Қуръон хонед ва азон гӯед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф хоҳад шуд.