Question № 01437
Барои тез шудани зеҳн ва мустаҳкам шудани хотира кадом дуо хонда мешавад?
Question:
Барои тез шудани зеҳн ва мустаҳкам шудани хотира кадом дуо хонда мешавад?
Саволдиҳанда: Шаҳбоз
Answer:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, барои хуб шудани зеҳн ва ҳофиза бардавом ботаҳорат будан, тиловати Қуръон ва хондани ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор” – “Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш” ва ояти “Рабби зиднӣ илман” – “Парвардигоро, илму дониши маро афзун кун” муфид аст.