Question № 01449

Дар ояти дуюми сураи «Бақара» пеш ва пас аз калимаи “фиҳи” се нуқта гузошта шудааст, ин аломат чиро ифода мекунад? Аз шахсе пурсидам, гуфт, ки ё дар аввал ё дар охир нафаси дароз мекашӣ. Инро фаҳмидан мехостам, то ки дар вақти қироат гунаҳгор нашавам.

Question:

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин навъи вақфро дар истилоҳи таҷвид вақфи муонақа мегӯянд. Аломати се нуқта пеш ва пас аз калимаи «фиҳи» чунин маъно дорад, ки дар яке аз ин ду мавзеъ вақф бояд кард, на дар ҳар ду. Яъне агар ҳангоми тиловат дар калимаи «ло райб» вақф намуд, пас аз хондани калимаи «фиҳи» набояд вақф кунад, балки онро идома диҳад ва дар охири оят вақф кунад. Агар дар калимаи «ло райба» вақф накард, бояд пас аз хондани калимаи «фиҳ» вақф намояд.  

2017-10-11
3068
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39