Question № 01473
Оё намози “туҳфаи Расулуллоҳ” ҳаст? Агар бошад, тарзи гузоридани онро мегуфтед, болидарӯ мешудам.
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё намози “туҳфаи Расулуллоҳ” ҳаст? Агар бошад, тарзи гузоридани онро мегуфтед, болидарӯ мешудам.
Саволдиҳанда: Абдулло
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин намоз аз ҷумлаи намозҳои нофила буда, гузоридани он ба ихтиёри намозгузор вобаста аст. Дар он пас аз “Фотиҳа” сурае аз Қуръон мехонед ва савобашро ба Расули Худо (с) ирсол медоред.