Question № 01513
Оё тарошидани мӯи сару риш ва пушти гардан ва гирифтани нохун таҳоратро мешиканад? Ҳангоми сафар дар нақлиёти мусофиркашонӣ вақти намози шом фаро расад, ба хотири қазо нашудани намоз оё гузоридани он бо ишора дар ин ҳолат дуруст аст ё ки такроран дар хона гузорида мешавад?
Question:
Ассалому алайкум. Оё тарошидани мӯи сару риш ва пушти гардан ва гирифтани нохун таҳоратро мешиканад? Ҳангоми сафар дар нақлиёти мусофиркашонӣ вақти намози шом фаро расад, ба хотири қазо нашудани намоз оё гузоридани он бо ишора дар ин ҳолат дуруст аст ё ки такроран дар хона гузорида мешавад?
Саволдиҳанда: Баҳром
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гирифтани нохун ва тарошидани мӯи сару риш таҳоратро намешиканад.Гузоридани намоз дар нақлиёт дар дохили шаҳр дуруст нест, аммо дар беруни шаҳр дар сурате дуруст аст, ки нақлиёт дар ихтиёраш набошад ё имкони фуруд омадан надошта бошад, дар ин ҳолат ба ҳар таври муяссар метавонад намозашро адо кунад, вале такроран хондани намоз дуруст нест.