Question № 01517
Агар мард ба зани худ гӯяд, ки «аз хона баромада рав», чӣ мешавад?
Question:
Ассалому алайкум домулло. Агар мард ба зани худ гӯяд, ки «аз хона баромада рав», чӣ мешавад?
Саволдиҳанда: Назрулло
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин ҳолат агар мард нияти талоқ дошта бошад, ҳамсараш як талоқи боин мешавад, агар ин суханро на ба нияти талоқ, балки ба қасди рад ва дур кардани зан аз наздаш гуфта бошад, талоқ воқеъ намегардад. Аз он ҷо ки масоили талоқи паҳлуҳои гуногун дорад ва тафсилталаб аст, хуб мебуд, ки ба Раёсати фатво муроҷиат мекардед.