Question № 01541
Марде дар ҳолати мастӣ ба занаш бо тариқи телефон ду бор “се талоқ” мегӯяд, оё метавонад бо ҳамсараш никоҳ карда, зиндагиро идома диҳад?
Question:
Ассалому алайкум. Марде дар ҳолати мастӣ ба занаш бо тариқи телефон ду бор “се талоқ” мегӯяд, оё метавонад бо ҳамсараш никоҳ карда, зиндагиро идома диҳад?
Саволдиҳанда: Малвина
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, масъалаи талоқ паҳлуҳои зиёд дорад ва тафсилталаб аст, аз сабаби он ки талоқ моли мард аст, пас аз шунидани асли воқеа посухи он равшан мегардад. Бинобар ин, агар он мард имконият дошта бошад, ба Расёсати фатво муроҷиат намояд.