Home Questions and answers Family Question № 01560

Question № 01560

Падар ба зино мубтало шуда, фарзанд аз ин огоҳ мешавад ва ӯро насиҳат мекунад. Аммо падар ба гардан намегирад ва писар маҷбур мешавад, ки овози ӯро сабт кунад. Инак ду сол мешавад, ки...

Question:

Ассалому алайкум. Падар ба зино мубтало шуда, фарзанд аз ин огоҳ мешавад ва ӯро насиҳат мекунад. Аммо падар ба гардан намегирад ва писар маҷбур мешавад, ки овози ӯро сабт кунад. Инак ду сол мешавад, ки падар бо писар салом намекунад ва сухан намегӯяд. Писар чандин бор кӯшиш намуд, ки бо ӯ сухан гӯяд, лекин падараш рӯй мегардонад. Алҳол писар аз падараш дур мегардад, то ки ӯро ба ғазаб наорад, зеро ғазаби волидайн сабаби хашми Худованд аст. Аз назари Ислом писар чӣ кор бояд кунад? Оё оқи падар шудааст ё на?

Саволдиҳанда: Бахтовар

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар асл падару писар бояд дар пайи ислоҳи худ бошанд, он чи падар анҷом додааст, худаш масъул ва ҷавобгар аст, писар саъй кунад, ки ҳуқуқи фарзандии худро ба ҷо орад, дар намозҳояш барои падар дуо карда, ҳамеша хайрхоҳи ӯ бошад ва бо нармию муомилаи нек барои ислоҳи кӯшиш намояд. Худованд тавфиқи тавба ва ҳидояти комил ато фармояд.

2017-12-13
4411
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37