Question № 01583
Пеш аз суннати намози бомдод, пеш аз намозҳои пешин, аср, шом ва пас аз намози витр гузоридани намози нафл дуруст аст ё на?
Question:
Ассалому алайкум. Пеш аз суннати намози бомдод, пеш аз намозҳои пешин, аср, шом ва пас аз намози витр гузоридани намози нафл дуруст аст ё на?
Саволдиҳанда: Фирӯз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гузоридани намози нафл пеш аз дамидани субҳ, қабл аз пешину аср ва пас аз шому витр дуруст аст, аммо пас аз дамидани субҳ ва байни асру шом дуруст нест. (“Мухтасарул-виқоя, с. 11; “Нурул-изоҳ”, с. 57)