Home Questions and answers Ruza Question № 00016

Question № 00016

Садақаи фитр ба ҳама воҷиб аст ё не?

Question:

Домуллои муҳтарам, садақаи фитр ба ҳама воҷиб аст ё ки фақат ба шахсони сарватманд, чунки дар маҳаллаи мо бештари мардум садақаи фитрро намедиҳанд ва мегӯянд, ки садақаи фитр бар зиммаи шахсони молдор аст, на фақирон.
Садақаи фитр кай ва ба чӣ касон дода мешавад?

Саволкунанда: Фирдавс

Answer:

Дар китоби «Мухтасари Қудурӣ» роҷеъ ба ин масъала чунин меорад:

صدقة الفطر واجبة على الحر المسلم إذا كان مالكا لمقدار النصاب

Яъне: Садақаи фитр ба касоне воҷиб аст, ки дар ӯ се шарти зайл мавҷуд бошад:

  1. Мусулмон бошад
  2. Озод бошад
  3. Соҳиби нисоб бошад.

Ба таъхир андохтани  садақаи фитр аз вақти намози ид макрӯҳ аст, магар дар сурате ки ин таъхир ба сабаби узре бошад. Садақаи фитр ба касоне дода мешавад, ки онҳо соҳиби нисоби закот набошанд. Беҳтар он аст, ки ба шахсони ниёзманду мискин дода шавад.

Ҳамчунон, ки дар ёадиси Паёмбар (с) омадааст:

عن ابن عباس (رض): قال فرض رسول الله صلى الله عليه وسلم زكاة الفطر طهرة لسعام من اللغو و الرفث وطعمة لمساكن (رواه أبوداود)

Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) мефармоянд: Худованд закоти фитрро барои пок гардонидани рӯзадор аз беёудагӯӣ, бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароёам гардонидани ғизои муносибе барои ниёзмандон воҷиб гардонидааст. (ривояти Абӯдовуд)

 

2015-02-09
4414
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.12.2024

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:17
Maghrib17:15
Isha18:45