Question № 01627
Ҳамсарам дар вақти ҳомила будан рӯза надошта буд ва ҳоло боз ҳомила аст. Ба ҷои ӯ ман рӯза дорам, дуруст аст?
Question:
Ассалому алайкум. Ҳамсарам дар вақти ҳомила будан рӯза надошта буд ва ҳоло боз ҳомила аст. Ба ҷои ӯ ман рӯза дорам, дуруст аст?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рӯза аз ҷумлаи ибодатҳое аст, ки бадал ва ниёбат дар он дуруст нест. Аз ин рӯ, шумо наметавонед ба ҷои ҳамсаратон рӯза доред, вақте ки ҳамсаратон аз ҳамл фориғ шуд, қазои рӯзаро ба ҷо меорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 37)