Question № 01640
Дар дини Ислом ҳангоми ҳамхоба шудан бо ҳамсар кадом корҳо дуруст ва кадом корҳо нодуруст аст?
Question:
Ассалому алайкум домулло. Дар дини Ислом ҳангоми ҳамхоба шудан бо ҳамсар кадом корҳо дуруст ва кадом корҳо нодуруст аст?
Саволдиҳанда: Расул
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар таълимоти дини мубини Ислом ҳамаи аҳволи шахсии инсон ба таври муфассал бозгӯ шудааст. Пеш аз ҳамхоба шудан “Аъузу биллоҳ” ва “Бисмиллоҳ” гӯед ва аз Худованд фарзанде бихоҳед, ки манфиатовар ба ҷомеа ва сабаби номи неки шумо бошад. Пеш аз наздик шудан ба ҳамсари худ хондани ин дуо суннат: «Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибна-ш-шайтона ва ҷанниби-ш-шайтона мо разақтано». Яъне: Ба номи Худо. Худовандо! Моро аз шайтон дур кун ва шайтонро аз он чи насиби мо мекунӣ, дур нигоҳ дор». Инчунин аз амалҳое, ки шариат дар вақти ҳамбистарӣ манъ кардааст, худдорӣ кунед ва аз мавзеъҳое, ки наздик шудан ба он ҳаром аст, дурӣ ҷӯед. Дар мавзӯи одоби ҳамхобагӣ шумо метавонед аз китобҳое, ки бо хатти кириллӣ таҳия шудаанд, аз ҷумла китоби “Кимиёи саодат” истифода кунед, иншоаллоҳ ҳалли тамоми мушкилоти хонаводагиро аз он меёбед.