Home Questions and answers Aqida Question № 01647

Question № 01647

1. Дар интернет навори ду дарёеро, ки бо ҳам омехта намешаванд, тамошо кардам. Оё ҳамин дарё дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва дар куҷо воқеъ аст? 2. Оё ягон нишонаи қиёмат омадааст? 3. Мегўянд, ки шайтон дар моҳи Рамазон баста мешавад. Пас моро кӣ васваса мекунад?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Дар интернет навори ду дарёеро, ки бо ҳам омехта намешаванд, тамошо кардам. Оё ҳамин дарё дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва дар куҷо воқеъ аст? 2. Оё ягон нишонаи қиёмат омадааст? 3. Мегўянд, ки шайтон дар моҳи Рамазон баста мешавад. Пас моро кӣ васваса мекунад?

Саволдиҳанда: Алишер

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар оятҳои 19-21-уми  сураи “Раҳмон” ва ояти 53-уми сураи “Фурқон” Худованд аз ин эъҷози илмӣ хабар додааст, вале донишмандон дар таъйини он ихтилофи назар доранд. Бархе онро дар байни Баҳри Сурх ва Уқёнуси Ҳинд мегўянд, бархе дигар дар миёни Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин. Назари аллома Ибни Ошур ин аст, ки ин ду дарё дарёи Фурот ва Баҳри Аҷам аст, ки имрўз бо номи Халиҷи Форс машҳур аст. Ба ҳар сурат вуҷуди ин муъҷизаро Қуръон хабар додааст ва ҳеҷ ҷои шакку тардид надорад. 2. Алҳол нишонаҳои хурди қиёмат зоҳир ва ҳувайдо шудаанд, мисли мусобиқа дар сохтмони хонаҳои баландошёна, аз байн рафтани эҳтироми калонсолон ва пайванди хешовандӣ, ошкор шудани фисқу фасод ва амсоли он. 3. Чунонки Расули Худо (с) хабар додааст, дар моҳи Рамазон шайтонҳо ба банд кашида мешаванд, аммо шайтонҳои инсӣ, яъне инсонҳое, ки ахлоқи шайтонӣ доранд, васваса мекунанд, зеро онҳо дар занҷир нестанд, ҳамзамон инсоне, ки ба гуноҳ одат кардааст, ниёз ба васваса надорад.   

2018-02-15
5471
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42