Question № 01652
Дар маҳфиле зане гуфт, ки дар қабр ангушти мо қалам мешавад ва мо номаи аъмоли худро бо он менависем. Оё ин рост аст? 2. Дар сомонаи Шумо хондам, ки дар қиёмат китобе ҳаст, ба баъзе бандаҳо ба дасти росташон, ба баъзе ба дасти чапашон ва бархе дигар аз пушташон дода мешавад. Ин чӣ китобе аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Дар маҳфиле зане гуфт, ки дар қабр ангушти мо қалам мешавад ва мо номаи аъмоли худро бо он менависем. Оё ин рост аст? 2. Дар сомонаи Шумо хондам, ки дар қиёмат китобе ҳаст, ба баъзе бандаҳо ба дасти росташон, ба баъзе ба дасти чапашон ва бархе дигар аз пушташон дода мешавад. Ин чӣ китобе аст?
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, он матлабе, ки аз он зан шунидаед, шояд фикр ё ақидаи ягон шахс бошад, лизо суханаш эътибор надорад. 2. Рӯзи қиёмат чун мардум зинда шаванд, кирдорҳои худ фаромӯш карда бошанд. Вақте ки сахтии рӯзи қиёмат ба онҳо мерасад, ҳайрат ва даҳшаташон зиёда мешавад, пас Худованд ба воситаи ин номаҳо онҳоро аз кирдорҳои нек ва баде, ки кардаанд, воқиф мегардонад, то онро ёд оваранд. Дар ин рӯз номаи аъмоли мусулмонон ба дасти росташон дода мешавад, аммо номаи аъмоли кофирон ва мунофиқон ба дасти чап ё аз паси пушташон дода мешавад. Худованд дар сураи “Иншиқоқ” мефармояд: “Аммо ҳар касе, ки Номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад, пас, [ба зудӣ] ба ӯ ҳисоб карда шавад – ҳисоби осон; ва шодмон шуда, ба сӯи аҳли хонаи худ бозгардад.Ва аммо ҳар касе, ки номаи аъмолаш аз паси пушташ дода шавад, пас, ҳалокро ёд хоҳад кард; ва ба дӯзах медарояд”. (Сураи “Иншиқоқ”, оятҳои 7-12).