Question № 01702
Лутфан моҳият ва муҳтавои ояти 71-уми сураи “Марям”-ро мефаҳмонидед.
Question:
Ассалому алайкум. Лутфан моҳият ва муҳтавои ояти 71-уми сураи “Марям”-ро мефаҳмонидед.
Саволдиҳанда:Субҳон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муҳтавои ояти мазкур ба шарҳи зайл аст:
“Ва аз шумо ҳеҷ кас нест, магар ин ки воридшавандаи он аст”. Яъне: Эй фарзандони Одам! Ҳеҷ як аз шумо нест, магар ин ки ба дўзах ворид хоҳад шуд. Ин ҷо ворид шудан ба маънои мурур ва гузаштан аз пули Сирот аст. “Ин амр бар Парвардигорат ҳукме ҳатмӣ аст”. Яъне: Убур аз дўзах амре ҳатмӣ ва қатъӣ аст, ки Худойи Мутаъол онро файсала кардааст ва ҳатман рўй медиҳад. Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Мардум ҳамагӣ ба Сирот ворид мешаванд ва вуруди онҳо истоданашон перомуни дўзах аст, пас бо аъмоли хеш аз Сирот мегузаранд. Баъзе аз онон касоне ҳастанд, ки монанди барқ мегузаранд, баъзе монанди бод ҳамчун аспони некў ва тезтак, баъзе монанди шутурони некў ва асил, баъзе монанди давидани як мард мегузаранд, охирини онон дар гузаштан аз Сирот марде аст, ки нури вай дар мавзеъи ду ангушти ибҳоми пойҳояш метобад ва дар ҳоле аз он мегузарад, ки Сирот ўро бармегардонад, то ки ба зер андозад. Сирот пуле лағжанда аст, ки пойҳо дар он қарор намегирад, бар он хоре монанди хори ҳасак вуҷуд дорад, бар ду канораи Сирот фариштагоне ҳастанд, ки ҳамроҳашон қуллоб (чангак)-ҳое аз оташ аст ва мардумро ба василаи онҳо мерабоянд, то ки ба дўзах дарафкананд”.