Question № 01707

Тафсири оятҳои 19-21-уми сураи “Ар-Раҳмон”-ро нависед. Оё дарёе, ки наворашро тамошо кардем, марвориду марҷон дорад? Барои харид ё сохтани хона маблағ ҷамъ карда истодаем. Оё дар ин маблағи ҷамъшуда закот воҷиб мешавад?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Тафсири оятҳои 19-21-уми сураи “Ар-Раҳмон”-ро нависед. Оё дарёе, ки наворашро тамошо кардем, марвориду марҷон дорад? 2. Бе азону иқомат хондани намоз дар хона дуруст аст? 3. Ба миқдори 45000 сомонӣ маблағ доштам, аз модарам 33000 сомонӣ гирифта, бо 78000 сомонӣ мошин харидам. Оё дар маблағи 45000 сомонӣ закот бар ман воҷиб мешавад? 4. Барои харид ё сохтани хона маблағ ҷамъ карда истодаем. Оё дар ин маблағи ҷамъшуда закот воҷиб мешавад?

Саволдиҳанда:Алӣ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тафсири оятҳои мазкур чунин аст:

“Ду дарёро ба гунае равон кард, ки бо ҳам бархӯрд кунанд”; яъне пайваста дар рӯ ба рӯи якдигар қарор гиранд, бо вуҷуди ин ки дар нигоҳи чашм ҳеҷ фосилае миёни онҳо нест, аммо дар ҳам омехта намешаванд, зеро “миёни он ду барзахе аст”; яъне ҳоҷиз ва пардае аст, ки пеши роҳи омезиши онҳоро мегирад, “ки ба ҳам таҷовуз намекунанд”; яъне ба сабаби вуҷуди он парда яке ба дигаре намегузарад. Ибни Ҷурайҷ мегӯяд: Ин ду дарё иборатанд аз дарёи намакин ва наҳрҳои ширину гуворо, пас оби ширин барои нӯшидан ва об додани ҳайвоноту наботот аст ва оби намакин барои поксозии об аз микробҳо, силоҳи табақоти ҳаво, берун овардани марвориду марҷон ва манфиатҳои дигар. “Пас”, эй гурӯҳҳои инсу ҷин, “кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед” ва шукр намегузоред ба ин гуна ки парастиш ва тақвои Ҳақ таъолоро дар пеш гиред. “Аз он ду” дарё “лӯълӯ ва марҷон берун меояд”; лӯълӯ дурре аст, ки аз садаф берун меояд ва марҷон нигине аст сурхранг. Мурод ин аст, ки марвориду марҷон аз яке аз он ду дарё, ки дарёи намакин ва шӯр аст, берун меояд”. Чунонки қаблан баён карда будем, донишмандон дар таъйини ин ду дарё ихтилофи назар доранд. Бархе онро дар байни Баҳри Сурх ва Уқёнуси Ҳинд мегӯянд, бархе дигар дар миёни Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин. Назари аллома Ибни Ошур ин аст, ки ин ду дарё дарёи Фурот ва Баҳри Аҷам аст, ки имрӯз бо номи Халиҷи Форс машҳур аст. Вуҷуди ин муъҷизаи қуръонӣ хабар додааст ва ин эъҷози илмӣ бо кашфиёти илмии ҳозира низ ба исбот расидааст.

2. Бе азон гузоридани намоз дар хона дар сурате ҷоиз аст, ки дар маҳаллаи зисти шумо масҷиди панҷвақта мавҷуд бошад, дар акси ҳол гуфтани азону иқомат намоз суннат аст. Вале дар манзил азону иқомат гуфтан дар ҳама вақтҳои намоз хуб аст, зеро сабаби дур шудани ҷинҳо ва нузули хайру баракат ва раҳмати Худованд дар манзил мешавад. 3. Пас аз он ки соҳиби 45000 сомонӣ шудед ва як сол аз он нагузашта мошин харидед, дар ин сурат бар шумо закот воҷиб намешавад, вале агар пас аз соҳиб шудани ин маблағ як сол аз он гузашта бошад ва сипас мошин харида бошед, дар ин сурат закоти онро мепардозед, яъне аз маблағи 45000 сомонӣ ба миқдори 1125 сомонӣ закот медиҳед. 4. Агар маблағе, ки барои харид ё сохтани хона ҷамъ мекунед, ба нисоби закот, яъне ба миқдори 22950 сомонӣ бирасад ва аз он як сол гузарад, дар ин ҳолат аз ин маблағ ба андозаи 575 сомонӣ закот додан воҷиб мешавад. (“Бадоеъус-саноеъ”, ҷ. 2, с. 9; “Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 1, с. 172; “Фатовои Тоторхонӣ”, ҷ. 2, с. 217) 

2018-04-03
3333
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39