Question № 01713

Оиди саҷдаи тиловат дар намоз мисол биёред. Агар дар ракъати охир се саҷда кунем, мешавад ё ба тарзи дигар саҷда мекунем?

Question:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Оиди саҷдаи тиловат дар намоз мисол биёред. Агар дар ракъати охир се саҷда кунем, мешавад ё ба тарзи дигар саҷда мекунем?

Саволдиҳанда:Абдурраҳмон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ояти саҷдаи тиловат дар намоз хонда шавад, дарҳол саҷда кардан лозим мегардад. Агар ояти саҷда дар миёнаи сура бошад, пас аз қироати он такбир гуфта, як саҷдаи бе рукуъ мекунад ва такбиргўён бархоста, қироаташро идома медиҳад. Агар ояти саҷда дар охири сура бошад ва пас аз хондани он дарҳол ба рукуъ равад, ҳамон рукуъ ба ҷои саҷда кофӣ аст. Агар ояти саҷдаро дар намоз хонад, бояд фавран такбир гуфта, саҷда кунад, агар то анҷоми намоз барои он саҷда накунад, дар беруни намоз дигар онро адо карда наметавонад. Саҷдаи намоз ба ҷои саҷдаи тиловат кифоят намекунад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 23; “Фиқҳи муяссар”, с. 160-164).

2018-04-11
3736
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39