Home Questions and answers Ruza Question № 01739

Question № 01739

Мегўянд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳамаи ҷинҳо ва шайтонҳо баста мешаванд, пас барои чӣ ҷин дохили бадани инсон мешавад ва ба ў зарар мерасонад?

Question:

Ассалому алайкум устод. 1. Мегўянд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳамаи ҷинҳо ва шайтонҳо баста мешаванд, пас барои чӣ ҷин дохили бадани инсон мешавад ва ба ў зарар мерасонад? 2. Худованд ҳамаи қудратҳоро доро мебошад, вале ин қадар фариштаҳоро офаридааст? 3. Дар бораи нишонаҳои бузурги қиёмат маълумот диҳед. Худованд илми шуморо боз ҳам зиёда гардонад.

Саволдиҳанда:Давлаталӣ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, Худованд барои зоҳир кардани қудрати мутлақаш ин ҳама фариштаҳоро офаридааст, бидуни он ки ба онҳо ниёзе дошта бошад, вагарна Ў худ ба ҳама чиз қодиру тавоно аст. 3. Даҳ нишонаи бузурги қиёмат дар ҳадисҳои саҳеҳ ворид шуда ва инҳоянд: Хуруҷи Даҷҷол, нузули Исо (а), хуруҷи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, хуруҷи Доббатул-арз, тулуъи офтоб аз тарафи мағриб, пайдо шудани дуд ва зуҳури Маҳдӣ. 

2018-04-27
4251
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

24.12.2024

More
Fajr06:04
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43