Question № 01789
Намози бомдодро бо ҷамоат хонда истодаем, ки нафаре омаду нияти ду ракъат фарз карда, намозро бо ҷамоат гузорид. Ду ракъат суннатро пас аз фарз гузоридан мумкин аст ё ки соқит мешавад?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Намози бомдодро бо ҷамоат хонда истодаем, ки нафаре омаду нияти ду ракъат фарз карда, намозро бо ҷамоат гузорид. Ду ракъат суннатро пас аз фарз гузоридан мумкин аст ё ки соқит мешавад?
Саволдиҳанда: Комил
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз назари Имоми Аъзам (р) ва Абӯюсуф (р) пас аз гузоридани фарзи бомдод суннати он гузорида намешавад, вале Имом Муҳаммад (р) мегӯяд: “Ман дӯст медорам, ки пас аз тулуъи офтоб ва баланд шудани он намози суннат гузорида шавад”.