Question № 01792
Ман дар ғарибӣ зиндагӣ мекунам. Шукри Худо намоз мехонам, вале дар намози бомдод даҳ-понздаҳ дақиқа дер мекунам. Оё намози ман хато аст?
Question:
Ассалому алайкум. Ман дар ғарибӣ зиндагӣ мекунам. Шукри Худо намоз мехонам, вале дар намози бомдод даҳ-понздаҳ дақиқа дер мекунам. Оё намози ман хато аст?
Саволдиҳанда: Фирӯз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақти намози бомдод маҳдуд ба даҳ ё понздаҳ дақиқа нест, балки вақти он аз субҳи содиқ шуруъ шуда, бо тулуъи офтоб тамом мешавад. Агар шумо намози бомдодро дар байни ин ду вақт гузорида бошед, иншоаллоҳ халале дар он нест. Худованд шуморо дар ҳифзу ҳимояташ нигоҳ дорад.