Question № 01797
Шахсе тӯли чанд сол намоз намехонд, акнун намоз мегузорад, ба ҷои намозҳои қазоӣ намози нафл гузориданаш дуруст аст?
Question:
Ассалому алайкум. Шахсе тӯли чанд сол намоз намехонд, акнун намоз мегузорад, ба ҷои намозҳои қазоӣ намози нафл гузориданаш дуруст аст?
Саволдиҳанда: Фирӯз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте ки инсон ба балоғат расид, намоз гузоридан дар зиммаи ӯ фарз мегардад. Агар нахонда бошад, ба ҷо овардани намозҳои қазоӣ барояш фарз аст, бояд ин намозҳои қазоиро фавран адо кунад. Дар зимни он намози нофила гузоридан барои ӯ ҷоиз аст ва монеъе надорад.