Question № 01839
Модари пиреро медонам, ки фарзандаш аз бонк қарз гирифта, ба Россия гурехта рафтааст. Модар ҳоло имконияти супоридани қарзро надорад. Чун модар пир аст, аз рӯи фаҳмиши худаш гӯё ки...
Question:
Ассалому алайкум. Модари пиреро медонам, ки фарзандаш аз бонк қарз гирифта, ба Россия гурехта рафтааст. Модар ҳоло имконияти супоридани қарзро надорад. Чун модар пир аст, аз рӯи фаҳмиши худаш гӯё қарзи писарашро пурра маҳкам кардааст. Лекин дар ҳақиқат бақияи қарзи писараш 1400 сомониро ташкил медиҳад. Агар ман карзи писарашро аз ҳисоби худам диҳам ё ягон нафари дигарро барои хайр кардан тавсия диҳам, оё кори хайр мешавад? Ҳар боре модарро мебинам, дилам месӯзад, аммо барои қарзи бонк буданаш дудилаам?
Саволдиҳанда: Фарҳод
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ният ва иқдоми шумо кори хайр ва савоб аст, агар нафари дигаре бо тавсияи шумо қарзи ин модорро пардохт кунад, ҳам шумо ва ҳам он шахс соҳиби аҷри бузург мегардед. Дар ин бобат шумо дудила набошед, зеро зарурат ҳаминро тақозо мекунад.