Question № 01849
Тариқи телефон никоҳ кардан ҷоиз аст ёна?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Тариқи телефон никоҳ кардан ҷоиз аст ё на?
Саволдиҳанда: Суҳроб
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.