Home Questions and answers Namaz Question № 01851

Question № 01851

Ман ба ғайр аз «Фотиҳа» ва «Аттаҳийёт» 4 сура («Нос», «Фалақ», «Кавсар», «Ихлос») медонам ва бо ин сураҳо намозҳоямро хонда истодаам. Оё намозҳои хондаам дуруст аст?Намозҳоямро бе азон ва бе қомат гуфтан мехонам. Оё ин хел намоз раво аст?

Question:

Ассалому алайкум. 1.Ман ба ғайр аз «Фотиҳа» ва «Аттаҳийёт» 4 сура («Нос», «Фалақ», «Кавсар», «Ихлос») медонам ва бо ин сураҳо намозҳоямро хонда истодаам. Оё намозҳои хондаам дуруст аст? 2.Намозҳоямро бе азон ва бе қомат гуфтан мехонам. Оё ин хел намоз раво аст? 3. Баъд аз хондани «Аттаҳийёт» бо саловот се бор «Астағфируллоҳ» гуфта омин мекунам, аз он сабаб, ки дуои пас аз намозро намедонам, оё ин раво аст? 4.Ба сабаби он ки яккаписар ҳастам, волидайнам шабона сахт хавотир мешаванд, метарсанд, ки ягон воқеае рўй медиҳад, аз ин рў, маро ба намози таровеҳ рафтан намемонанд. Дар ин бора маслиҳате медодед!

Саволдиҳанда: Сомон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, бо сураҳои номбурда намозатон дуруст мешавад. 2. Агар дар маҳаллаи шумо масҷид бошад, бе азону иқомат гузоридани намоз ҷоиз мешавад, вагарна макрўҳ аст. Дар шароити имрўза тамоми китобҳои фиқҳӣ бо хатти кириллӣ ба нашр расидааст, шумо ҳанўз ҷавон ҳастед ва кўшиш кунед, ки бо мутолиаи ин китобҳо камбудиҳои намозатонро ислоҳ намоед. 3. Дар ҳолати мазкур намози шумо дуруст мешавад, вале барои омўхтани дуои намоз саъй кунед. 4. Гузоридани намози таровеҳ дар хона низ дуруст аст.

2018-06-14
4110
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38