Question № 01934

Лутфан масъалаи ба халқияҳо келин надодани эшонҳо ё худ сайидзодаҳоро муфассал шарҳ диҳед. Ин анъана аз куҷуо сарчашма мегирад ва то куҷо ҷоиз аст? Зеро дар бештар маврид духтарони онҳо пир мешаванду ба мардуми омма келин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки худ аз дигарон келин мегиранд.

Question:

Ассалому алайкум. Лутфан масъалаи ба халқияҳо келин надодани эшонҳо ё худ сайидзодаҳоро муфассал шарҳ диҳед. Ин анъана аз куҷуо сарчашма мегирад ва то куҷо ҷоиз аст? Зеро дар бештар маврид духтарони онҳо пир мешаванду ба мардуми омма келин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки худ аз дигарон келин мегиранд. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Шайдо

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, масъалаи издивоҷ амри муҳим ва савоб аст ва он мушкилоте, ки шумо дар назар доред, ҳалли худро ёфтааст. Духтарони солхўрда чи аз эшонҳо ва чи аз мардуми омма бисёранд. Ин ҳолат танҳо хосси духтарони эшонҳо нест ва чунин ҳолат хосси баъзе манотиқи кишвар ва аз рўи одати ҳамон минтақа аст. Аз нигоҳи мазҳаби Абўҳанифа (р) дар мардуми Аҷам Ислом эътибор дорад, на қавмият ё мансубият ба ину он.

2018-11-09
3590
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39