Question № 02005
Оиди расонидани ангуштон ба нармии гўш дар ҳолати такбири таҳрима аз Паёмбар (с) ягон ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст? Лутфан бо далел ҷавоб диҳед?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оиди расонидани ангуштон ба нармии гўш дар ҳолати такбири таҳрима аз Паёмбар (с) ягон ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст? Лутфан бо далел ҷавоб диҳед?
Саволдиҳанда: Абдураҳмон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, расонидани ангуштонон ба нармиҳои гўш амри мустаҳаб ва хуб аст, агарчи дар ҳадис сароҳатан зикр ҳам нашуда бошад, вале аз ишораи ҳадис ин амал мафҳум мешавад, зеро баробар шудани кафҳои даст ба гўшҳо чунин маъно дорад, ки ангуштон ба нармии гўшҳо хоҳанд расид. Дар ҳадиси Имом Муслим аз Воил ибни Ҳуҷр (р) ривоят шудааст, ки ў Паёмбар (с)-ро дид, ки дар вақти дохил шудан ба намоз дастонашро бардошта такбир гуфт ва онҳоро баробари гўшҳояш қарор дод. Инчунин Дорақутнӣ аз Анас (р) ривоят кардааст, ки гуфт: “Расули Худо (с) вақте ки намозро ифтитоҳ кард, такбир гуфта, сипас дастонашро он қадар бардошт, ки нарангуштонаш ба гўшҳояш баробар шуд”.