Question № 02068

Оё додани таъвиз ё ба бар кардани он ва дегдон бастан ҷоиз аст? Агар ҷоиз нест, пас ин амалҳо аз куҷо сарчашма гирифтаанд?

Question:

Ассалому алайкум бобои домулло. Оё додани таъвиз ё ба бар кардани он ва дегдон бастан ҷоиз аст? Агар ҷоиз нест, пас ин амалҳо аз куҷо сарчашма гирифтаанд? Хоҳишмандам бо далелҳои саҳеҳ ҷавоб гардонед.

Саволдиҳанда: Саидмуҳаммад

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муолиҷа ба василаи таъвиз, ки дар урфи мардуми мо бо номи тўмор, раднома ва таштоб машҳур ва маъруф аст, аз нигоҳи шариат ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд, илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад. Дуои даму дегдон, ки дар истилоҳи шаръӣ бо номи “руқя” маъруф аст, аз дуоҳои маъсураи Паёмбар (с) собит шудааст. Калимоти даму дегдон ҳам бояд аз дуоҳои шаръӣ иборат бошад. Навиштани таъвиз (тўмор) ва хўрдани оби он (таштоб) ё овезон намудани он аз саҳобаи киром низ собит шудааст. Ногуфта намонад, ки раднома ва тўмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд. (“Мишкотул-масобиҳ”. 2, с. 388; “Саҳеҳ”-и Муслим ҷ. 2, с. 224; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 2, с. 363)

2019-04-09
2702
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39