Home Questions and answers Family Question № 02090

Question № 02090

Байни ману ҳамсарам ҷанҷол шуд. Ў гуфт, ки “дигар зиндагӣ намекунам”. Гуфтам, ки агар бахшиш напурсӣ, талоқат медиҳам. Ба Худо қасам хўрду бахшиш напурсид. Ман гуфтам, ки “талоқат кардам”. Дар ёд дорам, ки ин суханро як бор гуфтаам, аммо ҳамсарам мегўяд, ки ту ду бор “талоқат талоқат кардам” гуфтӣ.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Байни ману ҳамсарам ҷанҷол шуд. Ў гуфт, ки “дигар зиндагӣ намекунам”. Гуфтам, ки агар бахшиш напурсӣ, талоқат медиҳам. Ба Худо қасам хўрду бахшиш напурсид. Ман гуфтам, ки “талоқат кардам”. Дар ёд дорам, ки ин суханро як бор гуфтаам, аммо ҳамсарам мегўяд, ки ту ду бор “талоқат талоқат кардам” гуфтӣ. Оё ин масъалаи мо роҳи ҳал дорад?

Саволдиҳанда: Наврўз

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала сухани шумо эътибор дорад, на аз ҳамсаратон. Агар қабл аз ин моҷаро ҳамсаратонро талоқ надода бошед, метавонед бо никоҳи нав зиндагиатонро идома диҳед.

2019-05-10
2857
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38