Question № 02111
Барои чӣ пас аз нияти намоз дастҳоро боло мекунем? Ин чӣ маъно ва ҳикмате дорад?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Барои чӣ пас аз нияти намоз дастҳоро боло мекунем? Ин чӣ маъно ва ҳикмате дорад?
Саволдиҳанда: Парвиз
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бардоштани дастҳо дар вақти такбир суннат ва дастури Пайғамбар (с) буда, инчунин эълони шуруъи намоз барои он ашхоси ношунаво аст, аммо аз нигоҳи ирфонӣ чунин маъно дорад, ки инсон ҳамаи дороиҳояшро пушти сар гузошта, ба охират рў меоварад.