Question № 02154
Қариб чор сол мешавад, ки мактаб ва ҳамсинфонамро дар хоб мебинам. Ин хоб чӣ таъбире дорад? Шахсоне ҳастанд, ки пешгўӣ мекунанд, оё онҳо ҷин доранд?
Question:
Ассалому алайкум. Қариб чор сол мешавад, ки мактаб ва ҳамсинфонамро дар хоб мебинам. Ин хоб чӣ таъбире дорад? Шахсоне ҳастанд, ки пешгўӣ мекунанд, оё онҳо ҷин доранд?
Саволдиҳанда: Умед
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб гуногун мешавад ва эҳтимоли рост ё дурўғ буданро дорад. Хоби шумо иншоаллоҳ ба хайр аст, набояд аз ин ошуфтахотир шавед. Касоне, ки пешгўӣ мекунанд, бо кумаки ҷин ин амалро анҷом медиҳанд, ҳол он ки тамоми ин гуна корҳо роҳе ба сўйи куфр мебошад. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки иддае аз мардум аз Расули Худо (с) дар мавриди коҳинон пурсиданд. Он Ҳазрат (с) фармуданд: “Чизе нестанд”. Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), онҳо гоҳе ба мо дар бораи чизе суҳбат мекунанд, он воқеъ мешавад. Расули Худо (с) фармуданд: “Он калимаи ҳақро ҷин рабуда ба гўши дўсти коҳинаш меандозад ва онҳо бо вай сад дурўғ омехта мекунанд”. (Муттафақун алайҳи) Бинобар ин, мусулмоне, ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, ба сухани ин гуна афрод бовар намекунад, зеро илми ғайбро танҳо Худованд медонаду бас.