Question № 02184
Ҳадиси қудсӣ аз ояти Қуръон чӣ фарқ дорад? 2. Ботил шудани намоз аз фосид шуданаш чӣ фарқ дорад (бо мисолҳо хоҳиш дорам, фаҳмонед)...
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Ҳадиси қудсӣ аз ояти Қуръон чӣ фарқ дорад? 2. Ботил шудани намоз аз фосид шуданаш чӣ фарқ дорад (бо мисолҳо хоҳиш дорам, фаҳмонед)? 3. Агар намозгузор дар чанд ракъат хондани намоз шак дошта бошад, оё бар ракъате, ки гумонаш бар он ғолиб аст, қарор гирифта, саҷдаи саҳв кунад, дуруст аст ё ракъатро кам ҳисобида, бар он афзояд беҳтар аст? 4. Дар кадом мавридҳо зан метавонад худ талоқашро ба даст орад, агар мард ӯро талоқ надиҳад?
Саволдиҳанда: Нақиб
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, фарқ байни Қуръон ва ҳадиси қудсӣ ин аст, ки Қуръон бо лафзу маънояш ба Ҳазрати Пайғомбар (с) фуруд меомад, ҳадиси қудсӣ бошад, фақат маънояш аз ҷониби Худованд аст, аммо лафзи он аз худи Расули Худо (с) аст. Фарқи дигари Қуръон аз ҳадиси қудсӣ ин аст, ки тиловати Қуръон ибодат аст ва дар намоз хонда мешавад, аммо ҳадиси қудсиро дар намоз хондан дуруст нест. 2. Дар сурати фосид шудани намоз асли он боқӣ мемонад, на васфаш, ба ин маъно, ки он намози фарз ба нафл мубаддал мешавад ва ҳамчун фарз адо намеёбад, аз он намоз савоб ҳосил мешавад, вале аз зимма соқит намешавад. Аммо дар сурати ботил шудани намоз на аслаш боқӣ мемонад ва на васфаш, ба ин маъно, ки он намози фарз комилан аз байн рафта, ба сурати нафл ҳам намемонад ва аз он савобе ҳам ҳосил намешавад. Дар ҳар ду сурати фосидшавӣ ва ботилшавии намоз аз сар гузоридани он лозим мегардад. Мисоли фосид шудани намоз ин аст, ки шахсе чаҳор ракъат намози фарз мегузорад ва пас аз саҷдаи ракъати охир ба ҷои нишастан саҳван бармехезад ва як ракъати дигар мегузорад. Дар ин ҳолат намоз фосид шуда, ба нафл мубаддал мегардад ва аз он савоб ҳосил мешавад. Мисоли ботил шудани намоз ин аст, ки шахсе дар намози фарз қасдан сухан мегўяд. Дар ин ҳолат намоз ботил мешавад ва савобе аз он ҳосил намешавад. 3. Дар ҳолати пеш омадани шак дар теъдоди ракъатҳои намоз, ба ғолиби гумон амал карда мешавад, агар ғолиби гумони намозгузор ба кадом ракъате қарор гирифт, ҳамон ракъатро ба эътибор мегирад. Масалан дар аснои намози чаҳорракъатӣ барои намозгузор шак пеш омад, ки оё ду ракъат гузоридааст ё се ракъат? Агар ғолиби гумонаш ин шуд, ки ду ракъат гузоридааст, ба он ду ракъати дигар меафзояд. Агар ғолиби гумонаш бар ин бошад, ки се ракъат гузоридааст, як ракъати дигар мегузорад. Аммо агар гумонаш ба ҳеҷ ҷониб ғолиб нашуд, дар ин сурат ҷониби ақалро ба эътибор гирифта, пас аз гузоридани ҳар як ракъат нишаста “Аттаҳийёт” мехонад ва дар охир саҷдаи саҳв намуда, ба ҳамин тартиб намозро ба поён мерасонад. 4. Агар зиндагӣ миёни зану шавҳар имконнопазир шуд ва зан бо сабабе шавҳарашро бад дида, дигар бо ў созиш карда натавонист ё худро аз бадрафтории шавҳар халос кардан хост, дар ин сурат, метавонад бо роҳи хулъ ҷудо шавад, яъне як миқдор маблағе ба андозаи маҳрияе, ки шавҳар ба ў дода буд ё камтар аз онро ба ў дода, талоқашро бигирад.