Question № 02186

Оё ба шахсе, ки ба ин гуна бемории васваса дучор шудааст, гўш додан ба суханҳои фиребу найранги шайтон гуноҳ аст, чӣ тавр инро табобат бояд кард?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Чанд сол аст, ки маро васвасаҳои шайтонӣ азоб медиҳанд. Дар ҳолати танҳоӣ ё дар вақти намоз гузоридан суханони хилофи дин ва фиребу найрангҳо дар қалбам пайдо мегарданд, ҳар дафъае, ки дуо мехонам, васвасаҳо нест мегарданд ва баъд аз чанд рўз боз пайдо мешаванд! Оё ба шахсе, ки ба ин гуна бемории васваса дучор шудааст, гўш додан ба суханҳои фиребу найранги шайтон гуноҳ аст, чӣ тавр инро табобат бояд кард?

Саволдиҳанда: Баҳром

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ворид шудани ин гуна васвасаҳои шайтонӣ ва дар қалби шумо нишонаи комил шудани имони шумост. Шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр гўед, иншоаллоҳ аз қалбатон рафъ мегардад.

2019-06-03
2595
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39