Home Questions and answers Family Question № 02218

Question № 02218

Марде бо ҳамсараш ҷанҷол карда, дар ҳолати ғазаб тариқи паёмак “ина се талоқ” навишта ба ў фиристодааст, лекин дар аснои навиштан ин ҷумларо талаффуз накардааст, оё ҳамсари ў дар ин сурат талоқ шудааст ё на? Илова бар ин, қариб чор моҳ пеш аз ин моҷаро ба ҳамсараш гуфта будааст, ки “агар ба хонаи мо наравӣ, аз хонавода бахшиш напурсӣ, ҳазор талоқ бар ту”, лекин ҳамсараш ин сухани шавҳарро иҷро накардааст

Question:

Марде бо ҳамсараш ҷанҷол карда, дар ҳолати ғазаб тариқи паёмак “ина се талоқ” навишта ба ў фиристодааст, лекин дар аснои навиштан ин ҷумларо талаффуз накардааст, оё ҳамсари ў дар ин сурат талоқ шудааст ё на? Илова бар ин, қариб чор моҳ пеш аз ин моҷаро ба ҳамсараш гуфта будааст, ки “агар ба хонаи мо наравӣ, аз хонавода бахшиш напурсӣ, ҳазор талоқ бар ту”, лекин ҳамсараш ин сухани шавҳарро иҷро накардааст. Ҳукми ин масъала чигуна аст?

Саволдиҳанда: Сайёд 

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар сурати аввали масъала, ки мард ба ҳамсараш шарт гузошта, вале ҳамсараш онро иҷро накардааст, се талоқ воқеъ шудааст. Пас аз вуқуи се талоқ зиндагӣ миёни зану шавҳар номашруъ ва ҳаром аст.

2019-06-29
3306
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38