Home Questions and answers Family Question № 02257

Question № 02257

Ман бо оилаам муддати ҳашт сол зиндагонӣ намудем ва соҳиби ду духтарча ҳастем. Рўзе байнамон ҷанҷол шуд. Падари оилаамро даъват намуда, ба ў фаҳмонидам, ки духтаратон ҳурмати модарамро ба ҷо намеорад. Аммо падараш модарамро “бевазани бесаркалон” гуфта ба ман хитоб кард, ки “ё модарат, ё духтарам”. Ман се талоқаш додам. Он вақт оилаам панҷмоҳа ҳомила буд, пас аз чор моҳ писар ба дунё омад. Ман чӣ бояд кунам?

Question:

Ассалому алайкум. Ман бо оилаам муддати ҳашт сол зиндагонӣ намудем ва соҳиби ду духтарча ҳастем. Рўзе байнамон ҷанҷол шуд. Падари оилаамро даъват намуда, ба ў фаҳмонидам, ки духтаратон ҳурмати модарамро ба ҷо намеорад. Аммо падараш модарамро “бевазани бесаркалон” гуфта ба ман хитоб кард, ки “ё модарат, ё духтарам”. Ман се талоқаш додам. Он вақт оилаам панҷмоҳа ҳомила буд,  пас аз чор моҳ писар ба дунё омад. Ман чӣ бояд кунам?

Саволдиҳанда: Фазлидин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз вуқуи се талоқ зиндагӣ миёни зану шавҳар номашруъ ва ҳаром аст. Ба ҳар ҳол, шумо ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, пас аз шунидани ҷузъиёти воқеа посухи масъала равшантар хоҳад шуд.

2019-12-13
3258
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38