Question № 02281
Шахсе ҳангоми гузоридани витри воҷиб дар қаъдаи аввал пас аз хондани “Аттаҳийёт” ғайри ихтиёр салавоту дуоро низ хонда ду тараф салом дод, боз ракъати сеюмро гузорида дар охир саҷдаи саҳв кунад, оё намозаш дуруст мешавад?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Шахсе ҳангоми гузоридани витри воҷиб дар қаъдаи аввал пас аз хондани “Аттаҳийёт” ғайри ихтиёр салавоту дуоро низ хонда ду тараф салом дод, боз ракъати сеюмро гузорида дар охир саҷдаи саҳв кунад, оё намозаш дуруст мешавад?
Саволдиҳанда: Абдулхолиқ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар пас аз салом амали беруни намоз накарда бошад, намозаш бо саҷдаи саҳв дуруст мешавад.