Question № 02282
Пеш аз намози пешин ба сафар баромада, то ба макон расидан намоз қазо мешавад, дар ин ҳолат қазои намозро чигуна бояд ба ҷо овард?
Question:
Ассалому алайкум. Пеш аз намози пешин ба сафар баромада, то ба макон расидан намоз қазо мешавад, дар ин ҳолат қазои намозро чигуна бояд ба ҷо овард?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад ва агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад.