Question № 02312
Се-чор нафар толибилмоне, ки дар як хона зиндагӣ мекунанд, бояд дар танҳоӣ либос иваз кунанд? Андозаи сатри мард то куҷост?
Question:
Ассалому алайкум. Се-чор нафар толибилмоне, ки дар як хона зиндагӣ мекунанд, бояд дар танҳоӣ либос иваз кунанд? Андозаи сатри мард то куҷост?
Саволдиҳанда: Дилмурод
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ андозаи аврати мард аз зери ноф то зери зону буда, пўшонидани ин қисмати бадан фарз аст. Назар кардани шахси дигар ба ин қисмати бадан гуноҳ аст, аз ин рў, дар вақти иваз кардани шалвор ва таҳпўш аврати худро аз чашми дигарон сатр бояд кард.